Имконияти нави пардохти молу хизматрасониҳо бо соатҳои GARMIN – барои Шумо!

Имконияти нави пардохти молу хизматрасониҳо бо соатҳои GARMIN – барои Шумо!

48
Имконияти нави пардохти молу хизматрасониҳо бо соатҳои GARMIN – барои Шумо!

Акнун мизоҷони мо имкон доранд кортҳои Visa-и Бонки моро ба соатҳои ҳушманди GARMIN пайваст карда, соатро барои пардохти маблағи харид дар мағозаҳо, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои савдо, ки дорои технологияи пардохтҳои бидуни тамос мебошанд, истифода баранд.

Ин функсияи нав ба мизоҷони мо имкон медиҳад, ки фақат бо гузоштани соати ҳушманди GARMIN ба терминали пардохт, зуду роҳат ва бехатар харид анҷом диҳанд. Махсусан  онҳое, ки тарзи ҳаёти фаъол доранд ва ҳангоми тамрин ё сайру гашт бо худ ҳамён ё телефон намебаранд, аз ин навгонӣ хушҳол хоҳанд шуд. 

Барои ба соати Garmin пайваст кардани корти Visa аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон қадамҳои зеринро иҷро кунед:

- Замимаи Garmin Connectро аз Google Play ё Store App боргирӣ ва насб кунед.
- Аккаунти Garmin ташкил диҳед ё ба он ворид шавед.
- Соатҳои Garmin-и худро бо замима тавассути Bluetooth ҳамоҳанг созед.
- Корти Visa-и худро ба Garmin Pay илова кунед: дар замима ба бахши Garmin Pay гузаред, ҳамён ташкил диҳед ва ба он PIN-рамз гузоред.
- Барои скан кардани корт аз камера истифода намоед ё маълумотро дастӣ ворид кунед.
- Санҷиш (верификатсия)-и кортро гузаред.
- Пас аз санҷиш (верификатсия) корт барои истифода тавассути соат барои пардохтҳои бидуни тамос омода мешавад.
- Барои пардохт ҳамёнро дар соати худ фаъол созед, кортро интихоб кунед ва ба терминал гузоред

Мо итминон дорем, ки ин навгонии инноватсионӣ ба ҳаёти мизоҷони мо як иловаи муҳиму зарурӣ гардида, ба онҳо дар озоду чандир нигоҳ доштани амалиётҳои молиявиашон кӯмак мекунад.

Кортҳои Visa-и Бонки байналмилалии Тоҷикистонро ба соати GARMIN-и худ бипайвандед ва алакай имрӯз аз роҳатии пардохти бидуни тамос баҳра баред!





ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.