Moody’s рейтинги ҶСК «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуда, дурнамои «устувор»-ро нигоҳ дошт
Агентии байналмилалии рейтингии Moody’s Ratings беҳбудии баъзе нишондиҳандаҳои рейтингии Бонки байналмилалии Тоҷикистон (IBT)-ро қайд намуд. Аз ҷумла, аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо рейтинги хавфи контрагентии бонк дар сатҳи B2 қарор дорад, инчунин рейтинги хавфи контрагентӣ дар асъори хориҷӣ аз B3 то B2 баланд бардошта шуд.
Ҳамзамон Moody’s Ratings рейтинги дарозмуддати амонатҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон-ро дар асъори миллӣ ва хориҷӣ дар сатҳи B3 бо дурнамои «устувор» (Stable) тасдиқ намуд.
Ба арзёбии Moody’s, тасдиқи рейтингҳои IBT ба омилҳои зерин вобаста аст:
• буферҳои устувори сармоя;
• даромаднокии хуби бонк;
• сатҳи пасти қарзҳои мушкилдор;
• даромадҳои қавии комиссионӣ ва транзаксионӣ;
• сатҳи кофии ликвиднокӣ;
• нигоҳ доштани сатҳи баланди капитализатсия.
Тибқи маълумоти нашршуда, Moody’s инчунин як қатор нишондиҳандаҳои асосии бонкро мусбат арзёбӣ кардааст:
• рейтинги дарозмуддати хавфи контрагентӣ дар асъори миллӣ (CRR) — B2;
• рейтинги дарозмуддати хавфи контрагентӣ дар асъори хориҷӣ (CRR) — B2;
• арзёбии дарозмуддати хавфи контрагентӣ (CR Assessment) — B2(cr);
• рейтинги дарозмуддати амонатҳо дар асъори миллӣ ва хориҷӣ — B3;
• арзёбии асосии қобилияти қарзпардозӣ (BCA) — b3;
• дурнамо оид ба рейтингҳои дарозмуддати амонатҳо — «устувор» (Stable).
Дар гузориши худ Moody’s таъкид мекунад, ки бонк даромаднокии устуворро нишон медиҳад, сатҳи баланди капитализатсия ва ликвиднокиро нигоҳ медорад ва рушди фаъолияти қарздиҳии худро идома медиҳад.
Тасдиқи рейтингҳо ва беҳтар гардидани баъзе нишондиҳандаҳо аз ҷониби Moody’s нишонаи муҳими эътимод аз ҷониби агентии байналмилалии рейтингӣ буда, устувории профили молиявии Бонки байналмилалии Тоҷикистон-ро тасдиқ менамояд.
Moody’s Ratings яке аз се агентии бузургтарини байналмилалии рейтингӣ дар ҷаҳон мебошад, ки устувории молиявии бонкҳо, ширкатҳо ва давлатҳоро арзёбӣ мекунад. Рейтингҳои Moody’s аз ҷониби сармоягузорон ва муассисаҳои молиявӣ дар тамоми ҷаҳон барои арзёбии хавфи қарзӣ ва эътимоднокии ташкилотҳо истифода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ду бонк дорои рейтинги байналмилалии қарзии Moody’s мебошанд, ки яке аз онҳо Бонки байналмилалии Тоҷикистон мебошад.