15 март — Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Ҳамасола 15 март дар саросари ҷаҳон "Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" таҷлил мегардад. Ин рӯз аҳамияти риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини шаффофияти хизматрасониҳо ва таҳкими муносибатҳои боэътимод миёни хизматрасонандагон ва мизоҷони онҳоро бозгӯ мекунад.
Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз омилҳои муҳими рушди устувори низоми молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як мизоҷ бояд имкони дастрасӣ ба маълумоти пурра, саҳеҳ ва фаҳмо оид ба маҳсулоту хизматрасониҳои молиявиро дошта бошад, қарорҳои огоҳона қабул намояд ва итминон дошта бошад, ки ҳуқуқҳои ӯ ба таври муносиб ҳифз карда мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Фаъолияти танзимгар ба баланд бардоштани шаффофияти бозори молиявӣ, такмили низоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, рушди саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини муносибатҳои одилона байни ташкилотҳои молиявӣ ва мизоҷони онҳо равона гардидааст.
Дар навбати худ, ташкилотҳои молиявӣ низ барои пешниҳоди хизматрасонии босифат, сари вақт огоҳ намудани мизоҷон аз шартҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо, инчунин риояи принсипҳои шаффофият, поквиҷдонӣ ва ахлоқи касбӣ масъул мебошанд.
Ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз имзои шартномаҳо бо шартҳо, тарофаҳо ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо бодиққат шинос шаванд, дар сурати пайдо шудани саволҳо барои гирифтани тавзеҳот муроҷиат намоянд ва танҳо аз шабакаҳои расмии ташкилотҳои молиявӣ истифода баранд.
Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон на танҳо риояи талаботи қонунгузорӣ, балки заминаи асосии эътимод ба низоми молиявӣ низ мебошад. Маҳз эътимод ба рушди устувори бахши бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷомеа ва таҳкими муносибатҳои шарикона миёни мизоҷон ва муассисаҳои молиявӣ мусоидат менамояд.