Бонки байналмилалии Тоҷикистон Apple Pay-ро барои дорандагони кортҳои байналмилалии IBT ба роҳ монд.
Aug 25, 2026
132
Бонки байналмилалии Тоҷикистон Apple Pay-ро барои дорандагони кортҳои байналмилалии IBT ба роҳ монд.
Акнун муштариёни IBT метавонанд бо истифода аз iPhone ва Apple Watch харидҳоро зуд, қулай ва бехатар пардохт намоянд. Инчунин, тавассути iPad ва Mac метавонанд дар барномаҳо ва сомонаҳо пардохт анҷом диҳанд.
Ҳангоми илова кардани корти IBT ба Apple Pay, рақами корт дар дастгоҳ ё серверҳои Apple нигоҳ дошта намешавад. Барои анҷом додани пардохт идентификатори ҳифзшуда истифода шуда, ҳар як амалиёт бо рамзи беназир тасдиқ карда мешавад.
Кортро тавассути барномаи IBT24 ё Apple Wallet илова кардан мумкин аст. Пас аз пайваст кардани корт, шумо метавонед дар мағозаҳо, барномаҳо ва сомонаҳо харидҳоро бидуни ворид кардани маълумоти корт ҳар дафъа пардохт намоед.
Apple Pay бо IBT — пардохтҳои муосир ҳамеша дар дасти шумо.
Все новости
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77
1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.