Бонки байналмилалии Тоҷикистон иқдомро бо бурди автомобил ва тӯҳфаҳои арзишманд оғоз мекунад
Apr 1, 2026
10600
ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" бахшида ба 35-солагии Истиклолият Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми навро барои мизоҷон оғоз менамояд. Дар доираи ин иқдом бурди тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла автомобил ва дигар тухфаҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом барои он роҳандозӣ шудааст, ки истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ бештар гардад ва мизоҷон ҳангоми гирифтани хизматрасониҳо фоидаи иловагӣ ба даст оранд.
Шартҳои иштирок
Ҳар як мизоҷ метавонад иштирокчӣ шавад, агар шартҳои зеринро иҷро кунад:
• гирифтани қарз аз 10 000 сомонӣ;
• кушодани корти муҳлатии «Инсоф» бо лимити на камтар аз 1 000 сомонӣ.
Пас аз иҷрои ин шартҳо, шумо ба таври худкор иштирокчии иқдом мешавед.
Муҳлати иқдом
Аз 1 апрел то 30 сентябри соли 2026 баргузор мегардад.
Тӯҳфаҳо
Дар доираи иқдом тӯҳфаҳои зерин бурда мешаванд:
• автомобили Dongfeng L7 (2025) — тӯҳфаи асосӣ;
• сафар ба Миср (Coral Sea Water World 5★) барои 2 нафар, 7 рӯз;
• iPhone 17 Pro Max;
• Samsung Galaxy S25 Ultra;
• ноутбуки Lenovo IdeaPad 1;
• Redmi Note 15 Pro;
• планшети Samsung Galaxy Tab A9+.
Ин иқдом ба шумо имконият медиҳад, ки на танҳо аз хизматрасониҳои бонк истифода баред, балки имкони бурди тӯҳфаҳои арзишмандро низ ба даст оред.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки хизматрасониҳоро беҳтар намояд ва барои мизоҷон шароити қулай фароҳам созад.
Маълумоти пурра дар бораи шартҳои иқдом ва натиҷаҳои бурд дар саҳифаҳои расмии бонк нашр мегардад.
Все новости
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77
1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.