Шарҳи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” оид ба лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродӣ
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” бо мақсади равшан намудани муҳтавои «Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ» ва пешгирии гуногунфаҳмиҳо байни аҳолӣ ва соҳибкорон маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.
Пеш аз ҳама таъкид менамоем, ки лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ (аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон), ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиётҳо андозбандӣ карда намешаванд, ғайр аз ин Тартиби мазкур танҳо нисбат ба амалиётҳое татбиқ мегардад, ки баъд аз ҷорӣ гардидани низоми мазкур анҷом дода мешаванд ва нисбат ба амалиётҳои қаблан анҷомёфта татбиқ намегардад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад. Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз, ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк).
Инчунин нисбат ба фаъолият тавассути ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ низ меъёри андоз аз 6 то 3 дарсад кам карда шуда, дар баробари ин истифодаи дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ дар ҳар ду шакли ҳисоббаробаркунӣ тақвият дода мешавад.
Ин боз ҳам нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳуррӣ диққати асосиро на ба зиёд намудани сарбории андоз, балки баръакс – ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ равона кардааст.
Агар соҳибкор расман ба тиҷорат машғул бошад, пас бо меъёри 3 дарсад барои анҷом додани фаъолият тавассути ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва нақдӣ ҳуқуқ дорад.
Аз 3 дарсад 1 дарсад ба таври худкор ба харидор ҳамчун кешбек баргардонида мешавад. Баргардонидани маблағ аз ҷониби низом ба таври худкор, бе дахолати инсонӣ, тавассути механизми танзими рақамӣ анҷом дода мешавад.
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” инчунин ба саҳми муштариён мерасонад, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин карда мешавад.
Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Маълумоти муфассал метавонен инҷо дастрас намоед: Тартиб