Бо корти Visa аз IBT – ба Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™ дар ИМА

10857
FIFA 2026 - Аксияи Visa

Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои дорандагони кортҳои Visa оғози иқдомро эълон мекунад, ки бо шарофати низоми пардохтии Visa имкони бурди сафар ба Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™ дар ИМА-ро фароҳам меорад.

Иқдом аз 1 март то 29 марти соли 2026 идома меёбад.

Чӣ тавр иштирок кардан мумкин аст?

Барои иштирок дар бозии бурдҳо, бояд:

  • дорандаи дилхоҳ корти Visa аз IBT бошед;
  • бо корти Visa-и худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 100 сомонӣ ё зиёда аз он харид кунед;

ҳар як чунин пардохт имконияти бурдро зиёд мекунад.

Агар шумо ҳанӯз корти Visa аз IBT надошта бошед, метавонед дар ҳар филиали бонк дар тӯли 15 дақиқа онро ба расмият дароварда, дарҳол дар иқдом иштирок намоед.

Корт Visa ва тӯб

Бурди асосӣ

Бурди асосӣ сафар ба Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™
барои ғолиб ва як шахси ҳамроҳ (ду нафар) мебошад.

Ғолиби иқдом имкони сафар ба Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™-ро бо як шахси ҳамроҳ ба даст оварда, метавонад шахсан фазои чорабинии асосии футболи ҷаҳониро эҳсос намояд.

Ҷоиза инҳоро дар бар мегирад:

  • Чиптаи ҳавопаймо барои сафари рафтуомад ба шаҳри баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™ (барои 2 нафар)
  • иқомат 4-шаб дар меҳмонхонаи дараҷаи 4★
  • 2 чиптаи дараҷаи 1 барои бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол FIFA 2026™
  • маҳсулоти пешпардохтии Visa ба маблағи 600 доллари ИМА
  • трансфери фурудгоҳ
  • наҳорӣ ва газакҳои сабук дар меҳмонхона
  • нақлиёт ба/аз чорабиниҳои барномавӣ
  • тӯҳфаҳо ва лавозимот ба маблағи 400 доллари ИМА
  • барномаи фарҳангӣ
  • Visa Hospitality Desk дар меҳмонхона
  • дастгирии кормандони Visa (чорабинӣ, амният, тиб)
Ҷоми FIFA 2026

Ҷоизаҳои дигари иқдом

  • iPhone Air
  • PlayStation 5
  • Телевизори Smart TV
  • 10 корти Visa Platinum бо 100 доллари ИМА дар тавозуни ҳар кадом
  • Корти Visa Infinite бо 300 доллари ИМА дар тавозун

Ғолибони бурдҳои иловагӣ дар бораи санаҳои тақдими ҷоизаҳо иловатан огоҳ карда мешаванд.

PlayStation 5
Информация

Эзоҳ

  • Танҳо шахси воқеии синнаш аз 18 боло, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, метавонанд дар иқдом иштирок кунанд.
  • Ба расмият даровардани раводиди вуруд аз ҷониби ғолиб мустақилона ва аз ҳисоби худаш амалӣ карда мешавад.
  • Бонк ва Visa гирифтани раводидро кафолат намедиҳанд ва дар сурати рад кардани раводид ҳеҷ гуна масъулиятро ба дӯш намегиранд.
  • Агар ғолиб натавонад аз бурд истифода кунад, онро ғолиби эҳтиётӣ мегирад, ки ҳамчунин мустақиман тавассути рандомайзер интихоб карда мешавад.

Амалиётҳои қобили қабул

Усулҳои зерини пардохт, ки бо кортҳои Visa аз IBT дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, дар иқдом иштирок мекунанд:

  • пардохтҳо дар нуқтаҳои фурӯш тавассути POS-терминалҳо;
  • пардохтҳо бо кортҳои зерини IBT:
    • Visa Gold;
    • Visa Platinum;
    • Visa Infinite;
    • корти насияи Visa Insof;
    • Visa «Корти Интиколӣ».

Дар иқдом иштирок намекунанд

  • гирифтани пули нақд;
  • интиқоли пул;
  • пардохтҳои интернетӣ;
  • амалиётҳо тавассути замимаи IBT24;
  • амалиёти P2P (интиқол аз корт ба корт, интиқол ба ҳамёнҳои электронӣ ва ғайра);
  • амалиёти берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда;
  • пардохтҳо бо корти Visa Platinum Business.

Муайян кардани ғолибон

Информация

Эзоҳ

  • Иштирок дар иқдом маънои розӣ будан бо шартҳои онро дорад. Тавсия медиҳем, ки бо қоидаҳои пурраи иштирок дар файли зер шинос шавед.
Шартҳои муфассали иқдом


Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.