Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як Маркази нави хизматрасонии бонкиро ифтитоҳ кард.

Ифтитоҳи Маркази нави хизматрасонӣ дар ноҳияи Рашт
Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо мамнуният аз ифтитоҳи Маркази нави хизматрасонӣ дар ноҳияи Рашт хабар медиҳад. Ин боз як қадами устувор дар роҳи амалисозии стратегияи Бонк оид ба тавсеаи шабакаи филиалҳо ва таъмини дастрасии сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ ба имконият ва роҳҳалҳои муосири молиявӣ-бонкӣ мебошад.
Маркази мазкур на фақат як нуқтаи нави хизматрасонӣ, балки як фазои мукаммали бонкӣ мебошад, ки дар он ҳар як мизоҷ метавонад маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои бонкиро дар муҳити роҳат ва бо истифода аз дастовардҳои муосири технологӣ истифода намояд.
Акнун сокинони ноҳияи Рашт ва маҳаллаҳои наздики аҳолинишини он дар МХБ метавонанд:
– кортҳои дебетӣ ва кредитӣ кушоянд;
– қарз бигиранд;
– маблағ интиқол кунанд ё қабул намоянд;
– асъор мубодила кунанд;
– ба бонкинги мобилии IBT24 пайваст шаванд;
– оид ба ҳама маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ машварати касбӣ дастрас намоянд.
Таъсиси ин марказ боз як қадами дигар дар роҳи таъмини хизматрасонии босифат ба ҳар як нафар, новобаста аз макони зиндагиаш мебошад. Мо итминони комил дорем, ки Маркази нав барои сокинон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки бароҳат, боэътимод ва хизматрасонии фавриро истифода кардан мехоҳанд, як шарик ва такягоҳи муҳиме мегардад.
Суроғаи марказ: ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи И. Сомонӣ
IBT – ҳамроҳ дар ҳама ҷо