Таваҷҷуҳ: Шуморо метавонанд ҳамчун дроппер истифода кунанд.
Вақтҳои охир ҳодисаҳои қаллобие зиёд шудаанд, ки ҷинояткорон шаҳрвандонро бо баҳонаи “осон пул кор кардан” ба нақшаи амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб менамоянд. Яке аз роҳҳои ниҳоят паҳнгаштаи он – хоҳиши кушодани корти бонкӣ ё суратҳисоб ба номи Шумо мебошад.
Дар асл чӣ мешавад?
Вақте ки Шумо бо хоҳиши шахси бегона ба номи худ корт ё суратҳисоб мекушоед, Шумо метавонед дроппер – миёнараве шавед, ки тавассути Шумо қаллобон пулҳои дуздиро интиқол ва нақд мекунанд.
Ҳатто агар Шумо аз нақшаи ҷиноятӣ бехабар ҳам бошед, қонун шуморо аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Чунин амалҳо метавонанд боиси таъқиби ҷиноӣ шаванд.
Чаро ин хатарнок аст:
– Шумо обрӯю эътибор, озодӣ ва ояндаи худро зери хатар мегузоред;
– Иштирок дар чунин нақшаҳо метавонад боиси парвандаи ҷиноятӣ гардад;
– Маълумоти шахсии Шуморо метавонанд дар дигар амалиётҳои қаллобӣ истифода кунанд.
Шумо метавонед тасодуфан дроппер шавед. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо тавсия медиҳем:
– корти бонкии худро ба дигарон надиҳед;
– бо дархости шахсони бегона барои интиқоли пул розӣ нашавед;
– дастрасӣ ба интернет-банкингро фароҳам накунед;
– агар иштибоҳан ба ҳисобатон пул гузашт, онро интиқол надиҳед.
Чӣ тавр метавон худро ҳифз кард:
– ҳеҷ гоҳ бо дархости шахсони сеюм корт ё суратҳисоб накушоед;
– корт, PIN ё дастрасии онлайн-банкинги худро ба ҳеҷ кас надиҳед;
– ҳангоми дилхоҳ шубҳа, фавран ба бонк муроҷиат кунед.
Маркази тамос: 1155