Соҳиби 10% кешбэк аз харид ҳангоми пардохт бо кортҳои Visa аз IBT тавассути Google Pay шавед!
Харидҳо бо Visa аз IBT боз ҳам муфидтар шуданд!
Харидҳоро бо корти Visa аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон тавассути Google Pay дар мағозаҳо, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои савдо дар саросари Тоҷикистон пардохт намуда, соҳиби 10%кешбэк ба корти худ гардед.
Акнун Шумо имкон доред, ки на фақат харидҳои худро роҳат ва бехатар пардохт кунед, балки як қисми маблағи сарфкардаатонро бозпас бигиред!
Дар иқдом чӣ тавр иштирок бояд кард?
- Корти Visa-и худро аз IBT ба Google Pay пайваст намоед.
- Ба маблағи 10 сомонӣ ва зиёда аз он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди Тоҷикистон харид анҷом диҳед.
- Соҳиби кешбэк шавед - 10% аз маблағи харид ба корти Шумо бармегардад.
Инро бояд донист:
- Кешбэк 10%-ро аз маблағи ҳар як харид ташкил дода, дар давоми рӯз ба корт гузаронида мешавад.
- Маблағи ҳадди ақали пардохт – 10 сомонӣ.
- Ҳудуди ниҳоии кешбэк – 100 сомон дар як рӯз ва 500 сомонӣ дар як моҳ.
- Фақат харидҳо дар нуқтаҳои савдо ба инобат гирифта мешаванд, харидҳо дар шабакаи интернет ба инобат гирифта намешаванд.
· Иқдом аз 17 март то 18 майи соли 2025 ва фақат дар ҳудуди Тоҷикистон амал мекунад.
- Пардохт бояд фақат бо смартфон тавассути Google Pay дар таҷҳизоти Android, ки бо функсияи NFC кор мекунад, амалӣ шуда бошад.
- Google Pay имкон медиҳад, ки харидҳо ҳатто бе интернет пардохт карда шаванд – фақат смартфонро ба терминал наздик бурда, бо як расиш пардохт намоед!
Муфассал: 1155