Аз қаллобон эҳтиёт шавед!

98
Аз қаллобон эҳтиёт шавед!
Аз қаллобон эҳтиёт шавед! 

Қаллобон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки аз боварии Шумо сӯистифода кунанд.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон ҳеҷ гуна иқдоми хайриявие, ки дар доираи он гӯё ба ҳамаи корбарони сабтиномшуда “Бонус” пардохт мешуда бошад, БАРГУЗОР НАМЕКУНАД! 
Қаллобон бо мақсади фирефтани дигарон тарҳҳои ороишии гуногуни кортҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистонро истифода мекунанд.
Ба ин бовар накунед ва дар сомонаҳои шубҳанок сабти ном насозед. Чунин маълумоте эътибор надорад.
Мо ба ҳамаи корбарони манбаъҳои интернетӣ тавсия медиҳем: ба сомонаҳо ва саҳифаҳои шубҳаовар ворид нашавед, ҳаргиз ба ҳеҷ кас муҳлати анҷоми амали кортатон, CVV-рамзи он, парол ва PIN-рамзҳоро нагӯед, танҳо ба манбаъҳои расмии иттилоот эътимод намоед.
Инчунин, мехоҳем ба Шумо бори дигар қоидаҳои асосии истифодаи бехатари замимаҳои мобилиро хотиррасон кунем.
Барои таъмини бехатарии амалиётҳо риоя намудани қоидаҳои оддӣ аз ҷониби мизоҷон зарур аст:
Факат аз замимаҳои расмии бонк истифода намоед.
Аз усулҳои ҳифозатии замимаҳо, аз қабили мушаххасгардонии биометрӣ истифода намоед.
Рамзи вуруд ба замимаи мобилии бонкро ба ҳеҷ кас нагӯед.
Ба истинод ва сомонаҳои шубҳаовар, ки тавассути паёмак мерасанд, ворид нашавед. Ҳатто агар дар паёмак гуфта шуда бошад, ки ин аз бонк ирсол шудааст.
Барои амалиётҳои асосии суратҳисоби худ меъёр муқаррар намоед, инчунин имконияти амалиётҳои интернетиро фақат барои гузаронидани онҳо кушода, маҳкам намоед.
РАМЗИ тасдиқи амалиётро, ки бо паёмак ирсол мешавад, ба ҳеҷ кас хабар надиҳед.
Кушодани телефони худро бо рамз ё пин-рамз, беҳтараш тавассути изи ангушт ё нақши чеҳра банд созед (агар ин амалҳо дар тавоноии телефонатон бошад)


Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.