«Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

«Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
Мафҳуми муосири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз эътирози расмии шаҳрвандон нисбат ба фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯроквории вайронгашта дар иёлоти Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1775 ибтидо гирифтааст. Тадриҷан ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ИМА диққат дода, ҷиҳати ташаккули қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошта шуд ва соли 1890 аввалин маротиба қонуни зиддиинҳисории Шерман қабул гардид. Соли 1960 Созмони байналмилалии ҷамъиятҳои истеъмолгарон арзи ҳастӣ кард, ки айни замон ба он беш аз 200 ташкилоти миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ, минтақавии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон дохиланд.
Баъдан 15 марти соли 1983 ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид карда шуд. Ду сол пас, Маҷмааи кулли СММ «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон»-ро тасдиқ кард. Тибқи қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз 25 ноябри соли 2011 Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон дар кишвари мо низ ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кор, хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян менамояд.
Дар холати дучор шудан ба вайрон намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон метавонед дар рақамҳои дар поён зикр шуда муроҷиат намоед.
Тамос:
БМТ –
Бонки байналмилалии Тоҷикистон