Бонки байналмилалии Тоҷикистон сазовори чор ҷоизаи олӣ аз низоми байналмилалии пардохтии Visa гардид.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон сазовори чор ҷоизаи олӣ аз низоми байналмилалии пардохтии Visa шуд.
Дар давроне, ки татбиқи навовариҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон омилҳои муҳими муваффақият дар соҳаи бонкӣ маҳсуб мешаванд, Бонки байналмилалии Тоҷикистон барандаи чор ҷоизаи бонуфузи низоми байналмилалии пардохтии Visa гардид, ки ин бешубҳа мавқеи пешсафии бонкро дар минтақа ва пайравии онро ба инноватсия ва сифати баланди хизматрасонӣ тасдиқ мекунад.
Ҷоизаи "Best Issuer" олитарин мукофоти низоми байналмилалии пардохтии Visa мебошад. Ҷоизаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон асоситарин эмитент-бароришгари кортҳои Visa дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, доираи муштариёни худро пайваста васеъ ва сатҳи баланди қаноатмандии онҳоро аз хизматрасониҳои бонкӣ таъмин менамояд.
Ҷоизаи "Best Premium Issuer" эътирофи сифати баланд ва дараҷаи истисноии хизматрасониҳоест, ки бонк ба дорандагони кортҳои премиум пешниҳод мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки шумораи бештари мизоҷони сатҳи премиум Бонки байналмилалии Тоҷикистонро интихоб мекунанд. Бо шарофати пешниҳоди маҳсулоте, ки дар худ технологияҳои пешрафта ва имтиёзҳоро ба ҳам овардаанд, бонк боварию эътимоди мизоҷони серталабро ба даст овардааст. Ин ҷоиза равиши хоси Бонки байналмилалии Тоҷикистонро дар хизматрасонӣ ба VIP-мизоҷон ва тавоноии хуби пешниҳоди хизматрасониҳоеро, ки аз интизориҳо ҳам фаротар аст, таъкид мекунад.
Дарёфти ҷоизаи "Best Authorization Approval Rate" нишони он мебошад, ки беш аз 90% транзаксияҳо аз шумораи умумии онҳо муваффақона анҷом шудаанд. Ин ҷоиза фаъолияти олии бонкро дар таъмини самаранокии авторизатсияи пардохтҳо инъикос мекунад, ки барои нигоҳ доштани эътимод ва қаноатмандии муштариён омили муҳим аст.
Ҷоизаи "Best Visa Direct Originator" пешсафии Бонки байналмилалии Тоҷикистонро дар самти пешниҳоди роҳҳалҳои инноватсионӣ барои интиқоли маблағ тасдиқ мекунад. Бонки байналмилалии Тоҷикистон аввалин бонкест, ки низоми Visa Direct (интиқол аз Visa ба Visa)-ро ҷорӣ кардааст. Бо шарофати истифодаи муассир аз ин технология, бонк ба мизоҷони худ роҳи муносиб ва дастраси интиқол ва қабули пулро дар саросари ҷаҳон таъмин кардааст.
Чаҳор ҷоизаи олии Visa тасдиқи равшани он аст, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ мавқеи сазоворро соҳиб гардидааст. Ин комёбиҳо на танҳо бозгӯкунандаи муваффақиятҳои ҷории ББТ мебошанд, балки нақшаҳои азими бонкро барои оянда низ инъикос мекунанд. Ба туфайли пайравӣ ба инноватсияҳо, такмили сифати хизматрасонӣ ва рушди бомаром Бонки байналмилалии Тоҷикистон мавқеи пешсафии худро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ устувор менамояд ва барои фатҳи қуллаҳои нав дар соҳаи бонкдорӣ саъю талош меварзад.