Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар хизматрасонии бонкӣ уфуқи нав боз мекунад!

738
Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар хизматрасонии бонкӣ уфуқи нав боз мекунад!

Дар даврони технологияҳои рақамӣ Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ва роҳҳалҳои муносиб мизоҷони худро беш аз пеш хурсанду қаноатманд мегардонад. Мо бо ифтихор ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии фосилавии бонкро эълон менамоем. Марказ дар яке аз маконҳои диданӣ ва серодами пойтахт – Маркази савдои “Душанбе Молл” бо суроғаи кӯчаи Дӯстии халқҳо, 47 ҷойгир мебошад.

Ин иқдоми бонк на танҳо ба рӯи мизоҷон дарҳои имкониятҳои навро барои идоракунии тиҷорат мекушояд, балки ин равандро ниҳоят роҳат ва ҷолиб месозад. Тасаввур кунед: Шумо метавонед харид анҷом диҳед, аз фазою муҳити харидорӣ лаззат бубаред ва ҳамзамон тамоми масъалаҳои молиявии худро бе ташриф ба идораи анъанавии бонк ҳаллу фасл намоед. Маркази нави хизматрасонии фосилавии мо бо технологияҳои навтарини бонкӣ муҷаҳҳаз буда, маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд ва Шумо имкон доред ба осонӣ пул интиқол диҳед, қарз бигиред, хариди насияро ба расмият дароред, корти пардохтӣ кушоед ва боз дигару дигарҳо.

Мо дар талоши он ҳастем, ки хизматрасониҳои бонкӣ барои ҳар як нафар дастрасу муносибтар бошанд ва ифтитоҳи марказ дар МС “Душанбе Молл” дар ин роҳ яке аз қадамҳост. Инчунин, мо бо камоли майл аз ифтитоҳи боз як маркази хизматрасонии фосилавӣ, ки хизматрасониҳои муосир ва баландсифати бонкиро ба аҳолии кишвар наздиктар мегардонад, хабар медиҳем ва он дар шаҳри Норак, кӯчаи Рӯдакӣ, 6А ҷойгир шудааст.

Шуморо барои ташриф ба марказҳои нави хизматрасонии фосилавии бонк даъват менамоем ва Шумо имкон пайдо менамоед, ки шахсан афзалиятҳои хизматрасонии муосири бонкиро арзёбӣ намоед.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон ҳамеша аз вохӯрӣ бо Шумо шод аст!



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.