Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара МХБ ифтитоҳ намуд.

1178

Бо мақсади васеъ намудани доираи пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ дар ноҳияи Данғара Маркази нави хизматрасонии бонкии худро ифтитоҳ намуд. Марказ дар кӯчаи Зебунисо, 46 ҷойгир шудааст. Дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии бонкӣ мудири шуъбаи иқтисоди ҳукумати ноҳия Неъматзода Ғуломалӣ, директори Филиали минтақавии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Абдуллоев Хуршед, намояндагони мақомоти давлатӣ ва бонкҳо иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи иқтисоди ноҳия Неъматзода Ғуломалӣ зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон сифати хизматрасонӣ нақши муҳим дорад. Ӯ ҳамаи кормандонро бо кушодашавии МХБ-и нав дар ноҳия муборакбод намуд.

Дар МХБ тамоми шароитҳо ҷиҳати хизматрасонии зуд ва босифати мизоҷон муҳайё карда шудаанд. Бо ифтитоҳи Маркази хизматрасонии бонкии мазкур ҷойҳои нави корӣ барои бонувон – мутахассисони маҳаллӣ, ки макотиби олиро хатм намудаанд, муҳайё карда шуд. Мавқеи муносиби ҷойгиршавии Марказ ба мизоҷон имкон фароҳам меорад, ки мушкилоту масъалаҳои молиявии худро ҳал кунанд, интиқолҳои пулиро дастрас намоянд, барои харидории молҳои зарурӣ ва рушди тиҷорат қарзи бонкӣ бигиранд, бо меъёрҳои муфиди фоизӣ амонат гузоранд.

Зимни маросими ифтитоҳи МХБ нахустин мизоҷони бонк аз ноҳия корти насияи INSOF кушоданд, ки корти мазкур миёни аҳолии мамлакат маъруфияти зиёд касб менамояд. Корти насияи INSOF дорои имкониятҳои васеъ буда, дорандаи корт дар пардохти арзиши молу хизматрасониҳо, гирифтани пули нақд маҳдудият надорад. Корти мазкур имкон медиҳад насияи бефоиз дар давоми 30 рӯз пардохт карда шавад.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои ҷавон ва ояндадори мамлакат маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизматрасониҳои молиявиро дар 15 филиал ва 8 МХБ дар саросари ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. Айни замон бонк бо низомҳои байналмилалии пардохтии «VISA» ва «UnionPay», бо низоми миллии пардохтии «Корти Миллӣ» ҳамкорӣ намуда, дар давоми 15 дақиқа кортро ба мизоҷон пешниҳод менамояд. Бонкинги мобилии IBT24 ба мизоҷони бонк имкон фароҳам меорад, ки аз манзили худ набаромада, масъалаҳои молиявиашонро ҳал намоянд. Бонки байналмилалии Тоҷикистон ин навбат низ ба ҷоизаи низоми байналмилалии пардохтии «VISA» оид ба интиқоли пул “Leader in Visa Direct” ноил гардид. Акнун интиқоли маблағ тавассути замимаи мобилии IBT24 ба дилхоҳ кишвар осон ва муфид мебошад. Қарзҳо, амонатҳо, интиқоли маблағ, ячейкаҳои сейфӣ ва амалиётҳои асъорӣ аз зумраи маҳсулот ва хизматрасониҳои зиёди бонкист, ки ББТ ба мардум пешниҳод менамояд.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон. Осон. Шаффоф. Боэътимод.



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.