Интиқоли маблағ бо Western-union

2143
Интиқоли маблағ бо Western-union

Бонки байналмилалии Тоҷикистон интиқоли маблағ тавассути низоми Western Union-ро ба мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Акнун мизоҷон имкон доранд бо истифода аз низоми мазкур “ба Тоҷикистон” ва “аз Тоҷикистон” маблағ интиқол намоянд.

Western Union яке аз маъруфтарин низомҳои интиқоли маблағ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, хизматрасонии он дар беш аз 200 кишвар дастрас мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 19 нуқтаи интиқоли пули Бонки байналмилалии Тоҷикистон хизматрасонии худро ба ҳамватанон пешниҳод менамоянд. Дар нуқтаҳои мазкур мизоҷони бонк метавонанд аз низомҳои зерини интиқоли пул истифода намоянд:

 - OSON

 - CONTACT

 - ЮНИСТРИМ

 - WESTERN UNION

БОНКИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН: ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД!



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.