Мушаххасгардонии фосилавӣ дар IBT24

7372
Мушаххасгардонии фосилавӣ дар IBT24

Банкинги мобилии IBT24 рӯз ба рӯз маъруфтар гардида, номгӯйи хизматрасониҳои пешниҳодшавандаро васеътар менамояд ва ба хотири роҳат будани корбарон ҳама хизматрасониҳои бонкиро ба реҷаи “онлайн” мегузаронад!

Ҷорӣ кардани мушаххасгардонии фосилавӣ дар бонкинги мобилӣ имкон дод доираи истифодабарандагон боз ҳам васеътар гардад, зеро на ҳама имкони ташриф овардан ба дафтарҳои кории бонкро доранд. Дар маҳаллаҳои хурди аҳолинишин шояд умуман бонк мавҷуд набошад, сокинони шаҳрҳо бошанд, миёни такопӯи ҳаррӯзаи корӣ на ҳамеша вақти муносиби холӣ пайдо менамоянд. Мушаххасгардонии фосилавии мустақилона ин ҳама мушкилотро бартараф менамояд!

Ба корбароне, ки мушаххасгардониро мустақилона гузаштаанд, дастрасии пурра ба ҳама хизматрасониҳои IBT24 пешниҳод мегардад, аз он ҷумла:

-        интиқоли маблағи пулӣ миёни суратҳисобҳои худ

-        интиқол аз ҳамёни IBT24 ба ҳамёнҳои муштариёни дигар

-        интиқол ба корти “Корти миллӣ”-и дилхоҳ бонк

-        фармоиши онлайни корт

-        ҳудуди зиёдшудаи амалиётҳо (транзаксияҳо)

-        ҳудуди болобурдаи мубодила/хариди асъори хориҷӣ

Номгӯйи хизматрасониҳои IBT24 пайваста васеъ гардида, ба мизоҷон ҷиҳати дастрасии зуд ва қулай ба хизматрасониҳои молиявӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Зимнан, Бонки байналмилалии Тоҷикистон фарогири шумораи зиёди нуқтаҳои шарикон мебошад, ки дар онҳо ҳангоми пардохти харид ё хизматрасонӣ тавассути QR-рамз шумо метавонед соҳиби  CASHBACK-ҳои қулайи аз 5% то 50% гардед. Бо рӯйхати шабакаи шарикон метавонед аз ин пайванд шинос шавед: https://ibt.tj/cashback/


Барои боргириии банкинги мобилии IBT24 ва гузаштани мушаххасгардонии фосилавӣ аз ин пайванд истифода намоед: https://ibt24.app.link/3aTFiOeFgeb

Ахбори IBT24 барои Шумо дар:

- Instagram: https://www.instagram.com/mobile_ibt24/?hl=ru

- Telegram: https://t.me/mobile_ibt24

- Facebook: https://www.facebook.com/ibt24


IBT24 – бонки ҳамеша дастраси Шумо! 



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.