Оғози фаъолияти МХБ дар ноҳияи Восеъ
Oct 9, 2020
2219
Дар доираи стратегияи мазкур дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Маркази хизматрасонии бонкӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Марказ дар ҳудуди бозори маъруфи “Султони Кабир”-и ноҳия, дар бинои хуштарҳи замонавӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон ва мизоҷон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи марказ дар баробари кормандону мизоҷон ва намояндагони саридораи Бонки байналмилалии Тоҷикистон сардори шуъбаи назорати бонкии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мурод Муродов, мудири филиали 58-и БДА Амонатбонк дар ноҳияи Восеъ Бобоҷон Давлатзода, сардори шуъбаи қарзии ҶСК Агроинвестбонк Ҷумахон Сайтмуҳидинов, дигар намояндагони бонкҳо ва ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуданд. Мурод Муродов зимни суханронии худ таъкид бар он дошт, ки зиёд гардидани филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боиси дастрастар шудани хизматрасониҳои бонкӣ ба мардум гардида, дар натиҷаи рақобати солими байни бонкҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба мизоҷ ва талаботи ӯ нигаронида мешавад. Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони Марказ фаъолияти бобарор орзу намуда, изҳори боварӣ кард, ки марказ дар минтақа ба натиҷаҳои баланд ноил хоҳад гашт. Маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Восеъ ба мизоҷони худ маҷмӯи маҳсулот ва хизматрасониҳои муосири бонкиро пешниҳод менамояд. Махсусан, мавқеи ҷойгиршавии марказ метавонад ба таври мусбат ба пешниҳоди қарзҳои хурду миёна барои рушди соҳибкорӣ, интиқоли пул ва истифодаи кортҳои пардохтӣ мусоидат намояд.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон. Осон – Шаффоф – Боэътимод.
Все новости
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77
1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.