Дар 1 дақиқа интиқол медиҳем ё 50 рубл пардохт мекунем

Интиқолҳои OSON ОСОНТАРУ ЗУДТАР шуданд. Хизматрасонии нави Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар барномаи OSON " Дар 1 дақиқа интиқол медиҳем ё 50 рубл бармегардонем".
Ҳоло дар асри технология касро бо интиқоли электронӣ ба ҳайрат овардан хело ҳам душвор аст. Бо таҳияи барномаи OSON, Бонки байналмилалии Тоҷикистон қадами иловагӣ монда, интиқоли фавриро амалӣ намуд. Акнун интиқолдиҳанда танҳо бо пахши тугмаи ирсол пулро ба гиранда интиқол дода метавонад. Мо ба интиқоли фаврӣ дар як дақиқа итминон дорем, ки ҳатто 50 рубл кэшбэк ҳадя пешниҳод менамоем агар амалиёт зиёда аз як дақиқаро ташкил диҳад.
Танҳо 4 амал барои анҷом додани интиқол.
1. Интиқолкунанда реквизитҳои корти худро ворид мекунад (суратҳисоб, моҳ, сол, коди CVV); шумо инчунин метавонед пеши кортро бо камераи телефонатон сурат гиред.
2. Корт ё рақами суратҳисоби қабулкунандаро ворид кунед.
3. Маблағи интиқолро ворид намоед.
4. Амалиётро бо рамзи SMS тасдиқ кунед.
Якчанд сония ва интиқол ба анҷом расид. Шартҳои пардохти пули нақд. Ҳангоми интиқол, вақти амалиёт пас аз интиқолдиҳанда дидани квитансияи интиқоли бомуваффақият дар экран ва интиқолгиранда истифода бурдани пули гирифтааш ба ҳисоб меравад.
Агар вақти амалиёт беш аз 1 дақиқа тӯл кашад, мо ба корти интиқолдиҳанда 50 рубл ҷубронпулӣ (кэшбэк) мегузаронем. Пардохти кэшбэк дар рӯзи дигари корӣ анҷом дода мешавад.
Таваҷҷуҳ!
Интиқол метавонад ба корт ё суратҳисоб гузаронида шавад, аммо он дар онлайн бонк нишон дода намешавад. Ҳамзамон, шумо метавонед бо корт пардохт кунед ё пули нақд гиред. Агар тавозун навсозӣ нашуда бошад, барнома ё саҳифаро аз нав кушоед. Агар интиқол сари вақт гузаронида нашавад, лутфан бо дастгирии чат дар тамос шавед ё бо телефони +7 495 660-63-00, + 992-44625-7777 муроҷиат кунед.