Интиқолҳо ба Тоҷикистон 0%

Барномаи мобилии «Oson» - интиқолҳои босуръат ва боэътимод бе қоғазҳои зиёдатӣ ва навбатпоиҳо. Шумо метавонед дар дилхоҳ вақти шабонарӯзӣ ва давоми сол пулҳоро бевосита ба корт ё суратҳисоб бифиристед. Замимаи моро дар AppStore ва GooglePlay фаровирд намоед ва ё интиқолҳои пулиро мустақиман дар сомонаи мо анҷом диҳед.
Шартҳои асосӣ:
• Интиқоли пулҳо аз корт ба корт ба тарзи онлайни шабонарӯзӣ, бе истироҳат.
• Интиқоли маблағҳои пулӣ байни кортҳое, ки тавассути ҳама гуна бонкҳои Россия бароварда шудаанд ва ҳамаи кортҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба ҳама гуна кортҳои “Корти миллӣ”-и тамоми бонкҳои Тоҷикистон имконпазир аст.
• Суръати гузаронидани пулҳо: дар 100% ҳолатҳо пулҳо фавран гузаронида мешаванд.
• Комиссия бобати интиқол 0% аст.
Афзалиятҳои замимаи интиқолҳои пулии «Oson» аз корт ба корт ва аз корт ба суратҳисоб:
• гузаронидани пулҳо аз корт ба корт ба таври онлайн бе ҳозир шудан ба шуъбаи бонк имконпазир аст;
• бе пур кардани ҳуҷҷатҳои қоғазӣ;
• имкони фиристодани тафсир (масалан, бо насаб, ном ва номи падар ё рақами дархост);
• пардохти қарз вобаста ба ҳама гуна қарзҳои ББТ;
• интиқоли пулҳо ба хешовандон ва ошноён;
• пурра кардани дигар корти пардохтӣ, ҳатто марбут ба бонки дигар (Корти Миллӣ);
Барои анҷом додани интиқоли байни кортҳо бояд мавридҳои зерин нишон дода шавад:
• маълумотҳо (реквизитҳо)-и корти фиристанда – 16 адади рақам дар тарафи пеш, муҳлати эътибор (моҳ ва сол) ва CVV-рамзи корти фиристанда (3 адад дар тарафи пушти корт);
• рақами корти гиранда;
• маблағи интиқол;
• корти фиристанда ҳатман бояд дорои технологияи 3D secure бошад;
Расид (квитансия) оид ба интиқол
Агар Шумо хоҳиши гирифтани расид (квитансия) оид ба интиқоли пулӣ дошта бошед, email - и худро нишон диҳед.br>
Дарҳол баъд аз бомуваффақият анҷом додани транзаксия ба email - и Шумо расид (квитансия)-и электронӣ ирсол хоҳад шуд.
Шартҳои интиқол
Ба гирандаи пардохт ҳеҷ гуна зарурате барои рафта гирифтани пулҳои интиқолшуда вуҷуд надорад – пулҳо бевосита ба корти пардохтии вай ба таври онлайн гузаронида мешаванд ва дар ин бора ӯ бо дарёфти SMS аз бонки гиранда огоҳӣ пайдо хоҳад кард, ба шарте, ки ба хизматрасонии SMS-бонкинг обуна шуда бошад.
Интиқол аз корт ба корт барои муштариёни тамоми бонкҳои Россия қобили дастрас мебошад.
Интиқол аз корт ба корт барои тамоми кортҳои “Корти Миллӣ” қобили дастрас мебошад.
Интиқолро метавон ба кортҳои Visa, UnionPay -и Бонки байналмилалии Тоҷикистон анҷом дод.
Ёдовар мешавем: CVV-рамз – ин се адади охирин дар тарафи пушти корт дар назди ҷой барои имзо аст. Дар ҳолати зарурӣ метавон тафсири кӯтоҳеро нишон дод, ки онро гиранда тавассути SMS аз бонки худ дарёфт мекунад.
Интиқолҳо барои муштариёни бақайдгирифташуда
Афзалиятҳои интиқол барои муштариёни бақайдгирифташуда:
• Интиқоли пулҳо ба таври онлайн ба кортҳои бақайдгирифташуда имконпазир аст (то ки онҳо ҳар бор ворид карда нашаванд);
• Интиқолҳо аз кортҳои бақайдгирифташуда имконпазиранд (то ки онҳо ҳар бор ворид карда нашаванд);
• Аз назар гузарондани таърихи интиқолҳо барои давраи дилхоҳ;
• Чопи расидҳо (квитансияҳо) оид ба тамоми транзаксияҳо барои тамоми давраи таърих.