Бонки байналмилалии Тоҷикистон дорои низоми пардохтии хусусии «Осон» гардид
Feb 21, 2019
2236
Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти низоми пардохтии худ, ки «Осон» ном дорад, иҷозат гирифт.
Иҷозатномае, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон додааст, дар муддати се сол амал мекунад, хабар медиҳад хадамоти танзимкунанда.
Бо қарори Раёсати БМТ супориш шудааст, ки низоми пардохтии Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба Феҳристи операторони низомҳои пардохтии кишвар дохил карда шавад.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҶСП « Бонки байналмилалии Тоҷикистон », дар баробари қабули пардохтҳо бобати хизматрасониҳои алоқа, хизматрасониҳои коммуналӣ ва масрафи қувваи барқ ҳамчунин ба муштариён хизматрасониҳои дигари пардохтиро низ анҷом хоҳад дод.
Дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ, бо дарназардошти «Осон», ҳашт операторон дохил карда шудаанд. То ин замон иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро «Корти миллӣ», «Вестерн Юнион», Visa, Mastercard, «Золотая Корона», Contact ва «Юнистрим» дарёфт намуда буданд.
Все новости
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77
1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.