Натиҷаҳои иқдоми «Соли нав - Иқдоми нав». Мукофотҳои гаронбаҳо 12 нафар ғолибонро шоду хушҳол карданд

2245

Бонки байналмилалии Тоҷикистон натиҷаҳои иқдоми «Соли нав – Иқдоми нав» - ро ҷамъбаст намуд. . Довталабони мукофотҳо зиёда аз 540 нафар буданд, ки аз миёни онҳо 12 нафари хушбахт ғолиб омаданд. Онҳо рӯзи 3 апрели соли 2019 ҳангоми пахши мустақими шоуи субҳгоҳӣ дар радиои «Азия-Плюс» муайян гардиданд.

Маросими супоридани ҳадяву туҳфаҳо рӯзи 8 апрел дар идораи марказии Бонки байналмилалии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мукофотдиҳӣ роҳбарият ва кормандони бонк, ғолибони иқдом ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Зимни табрик намудани ғолибон бо дарёфти мукофотҳо, ҷоизаҳоро дар вазъияти ботантанаву бошукӯҳ муовинони раиси Раёсати Бонки байналмилалии Тоҷикистон Орзу Алиев ва Дилафрӯз Халиқова супориданд.

«Мо хеле хушҳолем, ки ба мо ва бонки мо боварию итминон доред. Ба шумо изҳори сипос менамоем, ки аз муштариёни доимии мо ҳастед ва аз хизматрасониву маҳсулоти мо истифода менамоед. Мо дар оянда низ саъю кӯшиш хоҳем намуд, то ки маҳсулоти мо бароятон дар дастрасии бештаре қарор гирад ва минбаъд ҳам фоидаю суду зиёдтаре оварад», - гуфт Дилафрӯз Халиқова.

Роҳхат ба Дубай барои ду нафарро сокини шаҳри Турсунзода Алишер Каримов бурд намуд, IPhone XS ба сокини шаҳри Душанбе Зувайдулло Шафиев насиб гашт, барандаи LED телевизори Samsung бошад сокини шаҳри Хуҷанд Мирзоаслиддин Ёқубов гашт.

Ғайр аз ин, боз нуҳ ҷоизаҳои гаронбаҳо ба ғолибони дигар супорида шуданд.

«Ман, агар росташро гӯям, ҳатто дар хоб ҳам надида будам, ки ғолиби ин иқдом мегардам. Саҳари 3 апрел ба ман аз студияи радиои «Азия-Плюс», ки дар он ҷо қуръакашии мукофотҳо анҷом мегирифт, занг заданду гуфтанд, ки ман иштирокчии иқдом будаму барандаи iPhone XS шудам. Ман фикр кардам, ки онҳо ҳазлу шӯхӣ мекунанд, такрор ба такрор мепурсидам, ки оё ин амр воқеият дорад?», - аз таассуроти худ нақл мекард Зувайдулло Шафиев.

Ба гуфтаи ғолиб, писари ӯ кайҳо боз дар орзӯву ҳаваси чунин телефон буд, вале ба сабаби нархи болои он оилаи онҳо тавони харидани онро надошт. Акнун орзӯи писараш ҷомаи амал пӯшид.

Мирзоаслиддин Ёқубов барои дарёфти LED телевизори худ аз Хуҷанд омад.

«Замоне, ки рӯзи 3 апрел ба ман занг заданду гуфтанд, ки ман ғолиби иқдом гаштаму телевизор бурд кардам, ман бениҳоят хушҳолу хурсанд шудам. Вақте ба Хуҷанд бармегардам, хонаводаи ман аз чунин мукофот хеле хушнуд хоҳад гашт. Ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои чунин иқдомҳои шаффоф изҳори сипос мекунам», - қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи мутахассис оид ба маркетинги Бонки байналмилалии Тоҷикистон Озар Самадов, ҳадаф аз иқдом ёрмандӣ ва расонидани кумак ба аҳолии кишвар аз роҳи ба онҳо пешниҳод намудани қарзҳо бо меъёрҳои фоизҳои паст буд, то ки ҳар яке аз муроҷиаткунандагон дар чаҳорчӯби иқдом тавонад на танҳо масъалаҳои маишии худро ҳаллу фасл кунад, балки тиҷорати худро устувор намуда, ба он рушду тақвият бахшад.

«Мо ба муштариёни худ ҷиҳати вафодорию садоқаташон нисбати бонки мо изҳори сипос менамоем. Қавл медиҳем, ки дар оянда ҳам хизматрасониҳову маҳсулоти худро боз ҳам беҳтару хубтар намоем ва дар амри хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонони кишварамон рафтору муносибати шаффофонаро идома диҳем», - илова намуд Озар Самадов.

Дар ҳоли ҳозир дар кишвар аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон 7 филиал ва 4 маркази хизматрасонии бонкӣ машғул ба кор ҳастанд.     



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.