Тоҷикистониён бо имконоти маҳдуд дар мусобиқаи Осиё оид ба шашка ғолиб омаданд
Мусобиқа дар шаҳри Янги-Юли вилояти Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид. Варзишгарони тоҷик дар ин чемпионат ба гирифтани ҷойҳои 1-ум ва 3-юм комёб гардиданд.
Тарбиятгарони Федератсия оид ба шашка ва шоҳмоти шахсони дорои имконоти маҳдуди Тоҷикистон Гафор Алиев ба гирифтани ҷойи якум ва Суҳроб Ҳамдамов ба дарёфти ҷойи сеюм сарфароз гардиданд.
Ба гуфтаи Суҳроб Ҳамдамов, раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро роҳбари Федератсияи миллии шашка ва шоҳмот барои шахсони дорои имконоти маҳдуд Муҳиддин Бобоев бар уҳда дошт.
«Мо пештар ҳам дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок мекардем, масалан дар соли 2017 дар Бишкек мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид, ки дар ҷадвали умумии тимҳо мо ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардидем, - зикр кард Суҳроб Ҳамдамов. – Аммо дар мусобиқа оид ба шашкаи байналмилалӣ мо бори аввал ширкат варзидем. Сафари мо ба туфайли кумаки молиявии Бонки байналмилалии Тоҷикистон муяссар гардид ва ба ин хотир ба роҳбарияти ин бонк сипоси самимонаи худро изҳор менамоем».
Чуноне, ки дар Федератсия изҳор доштанд, Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба тарбиятгарони Федератсия ба таври мунтазам кумаки молиявӣ мерасонанд.